КОРҲОИ ИТТИЛООТИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР "ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ"
КОРҲОИ ИТТИЛООТИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР "ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ"
https://www.facebook.com/share/p/18vAL3J48j/
Тибқи дастуру супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон ва корҷуён гузаронида шуд.
Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргаштаанд ҷойҳои кории холӣ (вакансияҳо) дар ширкатҳои ватанӣ, хизматрасониҳои таълими касбӣ ва забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ -муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба ФР равонаанд пеш аз сафар, аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия мебошад.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ доир бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани шаҳрвандони бозгашта дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод гардид.
Он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, оид ба масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар дастурамалӣ муҳим доданд.
Инчунин, ба шаҳрвандон доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур медиҳанд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Бояд тазаккур дод, ки мақсади асосии фаъолияти кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар минтақаҳо ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ - муҳоҷирони меҳнатӣ, кумак ба онҳо ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад ҳамарӯза ҳам дар Фурудгоҳҳо ва Истгоҳи роҳи оҳан байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дастурҳои муфид медиҳанд.
______
Продолжение разъяснительной работы в “Международном аэропорту города Душанбе”
Продолжение разъяснительной работы среди граждан республики – возвращающихся трудовых мигрантов и граждан, направляющихся в Российскую Федерацию для трудовой деятельности, – ответственными сотрудниками Миграционной службы в “Международном аэропорту города Душанбе”.
Цель проведения подобных мероприятий – прежде всего, повышение уровня готовности мигрантов к выезду за границу, в том числе в Российскую Федерацию.
В ходе беседы и встречи было предложено обеспечить вернувшихся граждан вакансиями внутри страны, а также вовлечь их в профессиональную подготовку и изучение языка в учебных заведениях Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.
Тем, кто собирается в Россию на работу, даются важные советы по вопросам трудовой деятельности, правильному заполнению миграционной карты, порядку официального получения разрешения (патентного удостоверения), сроку действия разрешения, как его продлить, его стоимости, прохождению медицинского осмотра, получению страхового полиса, справке о знании русского языка, истории и основам законодательства Российской Федерации, порядку регистрации иностранных граждан по месту жительства, как заключать трудовой договор, правам и обязанностям работодателя и работника.
Также гражданам даются несколько советов по правильному использованию социальных сетей, чтобы они не знакомились с группами, о которых не знают, что хорошо, а что плохо, и не становились жертвами недоброжелателей и врагов нации.
Следует отметить, что основной целью деятельности ответственных сотрудников Миграционной службы и ее структур в регионах является проведение разъяснительной работы среди граждан республики – трудовых мигрантов, а также оказание им помощи. С этой целью они ежедневно проводят разъяснительную работу среди трудовых мигрантов и членов их семей в аэропортах и на железнодорожных вокзалах, предоставляя полезные советы.