27 ноябри соли 2025 дар шаҳри Москва ҷаласаи 5-уми Гурӯҳи кории муштарак оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки дар доираи Созишномаи байни Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, баргузор гардид.
Тарафи тоҷикистониро дар ҷаласа Раиси гурӯҳи корӣ аз ҷониби Тоҷикистон – муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод роҳбарӣ намуд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ ҷонибҳо масъалаҳои калидии зеринро ба таври муфассал баррасӣ карданд:
Ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия фаъолият мекунанд, инчунин чораҳои муштарак оид ба пешгирии вайронкунии қонунгузории муҳоҷират, аз ҷумла мубориза бо бақайдгирии сохта ва шуғли ғайриқонунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар асоси натиҷаҳои ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ба рушди минбаъдаи ҳамкории созандаи дуҷониба дар самти муҳоҷират тасдиқ карданд, оид ба фаъолтар намудани мубодилаи иттилоот ва маълумоти фаврӣ, инчунин таҳияи нақшаи навшудаи чорабиниҳои муштарак барои соли 2026 ба мувофиқа расиданд.
Иштироки муовини вазир Норзода Шариф Сангимурод дар ҷаласаи Маскав марҳилаи муҳими сафари кории ҳайати Тоҷикистон ба Федератсияи Русия гардид ва сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва ҳамкории шарикии миёни сохторҳои дахлдори ду давлатро дар ҳалли масъалаҳои муҳими муҳоҷиратӣ таъкид намуд.