Ба муносибати 31 – солагии Рўзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии имлмҳои Тоҷикистон Маҳмудов Маҳкам Аъзамович, меҳмонон, роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии вазорат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси тантанивиро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 31 – солагии Рўзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, зимни суханронии худ қайд намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон чун ҳуҷҷати тақдирсоз тамоми паҳлўҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро фаро гирифта, дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд саҳми бориз гузоштааст.
Бояд қайд намуд, ки дар мавриди муаррифии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муассиртарин суханро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фасоҳати баланд чунин изҳор кардааст: “Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем.”
Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмудов Маҳкам Аъзамович зимни суханронии худ иброз дошт, ки воқеан роҳи рушду тараққиёти ҳар давлату миллатро Конститутсияи он, ки халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст, муқаррар мекунад.
Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ тақозо менамояд. Маҳз ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллат аз Конститутсия сарчашма гирифта, он ба таҳкими равандҳои неки ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ директори Муассисаи давалатии "Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ" Моёншо Маҳмадбекзода ва директори Муассисаи давалатии "Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони низоми меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ" Шаҳзода Қайюмӣ аҳли нишастро ба муносибати 31 – солагии Рўзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, иброз доштанд, ки қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад
Бояд қайд кард, ки пеш аз ҳама, дар кишвар волоияти қонун, яъне озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо таъмин гардида, дар маҷмуъ ҷомеаи навини адолатпарвар барқарор карда шудааст. Дар ин самт вазифаи ҷонии мо аз он иборат аст, ки тамоми дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию техникии ноилгардидаро ҳифз намоем ва қабл аз ҳама, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии миллиамонро боз ҳам баланд бардорем.