Рӯзи 28 октябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд вохӯрии расмии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод бо роҳбари Агентии муҳоҷирати Дастгоҳи Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мусаев Беҳзод Анварович…
Рӯзи 28 октябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд вохӯрии расмии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод бо роҳбари Агентии муҳоҷирати Дастгоҳи Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мусаев Беҳзод Анварович баргузор гардид.
Ҳадафи асосии мулоқот баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар, мубодилаи таҷриба ва таҳияи роҳҳои ҳамкории муштарак ҷиҳати такмили механизмҳои омодасозӣ, мутобиқсозии иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон буд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба амалияи мавҷудаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, хусусиятҳои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон ва фиристодани онҳо ба хориҷи кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатиро муфассал баррасӣ намуданд.
Роҳбарияти Агентии муҳоҷират иттилоъ дод, ки дар самти интихоб ва фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои кор дар хориҷи кишвар корҳо мунтазам анҷом дода мешаванд. Ин фаъолият дар доираи барномаҳо ва созишномаҳои дуҷониба бо кишварҳои ҳамкор амалӣ мегардад.
Ҷониби Ӯзбекистон иброз дошт, ки яке аз унсурҳои асосии сиёсати муассири муҳоҷирати меҳнатӣ тайёр кардани муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар дар ҳудуди кишвар мебошад.
Ин раванд чунин самтҳоро дар бар мегирад:
- омӯзиши касбӣ ва баланд бардоштани тахассус тибқи ихтисосҳои серталаб;
- омӯзиши забони хориҷӣ ва қонунгузории меҳнатии кишвари қабулкунанда;
- шиносоӣ бо хусусиятҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои корфармо;
- таҳия ва имзои шартномаҳо бо шиносномаҳои мушаххаси корфармоён пеш аз сафар.
Масъулони Агентӣ зикр намуданд, ки чунин ҷалби муташакилона ва ҳадафноки шаҳрвандон имконият медиҳад, ки хавфҳои марбут ба кори ғайриқонунӣ коҳиш ёбанд, сатҳи амният ва ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ боло равад. Дар натиҷа ҳар як муҳоҷир бо тахассуси муайян, ба ширкати мушаххас ва барои муҳлати муайян сафар мекунад, ки ин кафолати фаъолияти самаранок ва қонунии ӯ дар хориҷи кишвар мебошад.