Мақолаи мазкур ба таҳлили таҷрибаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм бахшида шуда, равандҳои марбут ба таҳдидҳои ифротгароӣ ва тадбирҳои муқобили он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди пажуҳиш қарор гирифтаанд. Муаллиф…
Мақолаи мазкур ба таҳлили таҷрибаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм бахшида шуда, равандҳои марбут ба таҳдидҳои ифротгароӣ ва тадбирҳои муқобили он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди пажуҳиш қарор гирифтаанд. Муаллиф тавассути таҳлили муқоисавии сиёсати давлатӣ ва тадбирҳои амалӣ, ҷанбаҳои асосии танзими қонунгузорӣ, механизмҳои сохторӣ ва равишҳои пешгирикунандаеро, ки барои маҳдуд сохтани фаъолияти экстремистӣ амалӣ мегарданд, ба таври муфассал шарҳ медиҳад.
Диққати махсус ба таҳия ва татбиқи стратегияҳои ҳамаҷонибаи миллӣ равона гардидааст, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, барқарорсозӣ ва мутобиқсозии иҷтимоии шахсони қаблан ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалбшуда мавқеи асосиро ишғол мекунанд.
Дар ин замина, муҳимтарин унсурҳои сиёсати зиддиэкстремистии кишварҳо, аз ҷумла равиши пешгирикунандаи иҷтимоӣ, тарбияи маърифатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва татбиқи механизмҳои амниятӣ иттилоотӣ таҳлил мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хусусиятҳои хоси таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва сиёсӣ равишҳои миллии худро таҳия намуда, воситаҳои гуногуни муқовиматро истифода мебарад.
Ин равандҳо аз қонунгузории мукаммал ва назорати давлатӣ то таъсиси марказҳои иттилоотӣ, фаъолияти маорифӣ ва барномаҳои мутобиқсозии иҷтиморо дар бар мегиранд. Шаклҳои гуногун бо таҷрибаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мукаммал гардидаанд.
Ба ғайр аз он, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва рақамӣ барои назорат ва таҳлили хатари ифротгароӣ, таҳкими мониторинг дар фазои киберӣ ва кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ мавқеи хоса дорад. Таҷрибаи кишварҳо дар самти таҳлили таҳдидҳо, омӯзиши омилҳо ва равандҳои ифротишавӣ ва роҳҳои бозгардонии шаҳрвандон аз минтақаҳои муноқишавӣ низ ба таври муфассал дар мақола баррасӣ мегардад.
Дар ниҳоят, дар мақола дидгоҳи стратегии рушди минбаъда ифода ёфта, зарурати баланд бардоштани самаранокии заминаи қонунгузорӣ, васеъсозии барномаҳои ҳамгироии иҷтимоӣ, таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ ва рушди муколамаи байни динҳоро ҳамчун омили асосии устуворсозии амнияти миллӣ ва суботи минтақаӣ таъкид менамояд.
Экстремизм ҳамчун як падидаи хавфноки сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар замони муосир ба яке аз таҳдидҳои ҷиддии амнияти миллӣ ва суботи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Равандҳои глобализатсия, рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ, равнақи гурӯҳҳои ифротгаро ва мураккабшавии муҳити геосиёсӣ боис гардидаанд, ки масири рушди ин минтақа пайваста зери таъсири хатарҳои нав ва ғайритаъмин қарор бигирад.
Ҷумҳури Тоҷикистон дар натиҷаи рӯёрӯ шудан бо паёмадҳои афзоишёбандаи радикализатсия ва экстремизм маҷбур шуд, ки сиёсат ва стратегияи миллии худро дар самти муқовимат ба ин таҳдид бозбинӣ ва аз нав тарҳрезӣ намоянд ва вобаста ба хусусиятҳои таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ, шакли миллии муқовимат ба экстремизмро шакл дода, кӯшиш доранд, ки бо роҳу воситаҳои ҳуқуқӣ, сохторӣ ва иҷтимоӣ аз паёмадҳои ин таҳдид эмин бошанд.
Масъалаи муқовимат ба экстремизм, натанҳо хоси амнияти дохилии кишварҳо, балки ҷанбаи фаромиллӣ ва минтақаӣ низ касб кардааст.
Мавҷудияти манотиқи муноқишавӣ дар ҳамсоягии ҷанубии минтақа, аз ҷумла Афғонистон, инчунин шиддат гирифтани фаъолиятҳои ташкилотҳои террористӣ дар фазои маҷозӣ ва фазои иттилоотии муштарак, боис гардидаанд, ки кишварҳо ҳифзи амнияти миллиро тавассути муборизаи ҳамоҳангшуда бо экстремизм амалӣ намоянд.
Бо назардошти ин воқеиятҳо, таҳлили таҷрибаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сиёсати давлатӣ, қонунгузорӣ, механизмҳои амалкунандаи пешгирӣ ва барқарорсозӣ, иқдомҳои иттилоотӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, имкони баҳо додан ба сатҳи омодагии минтақа ба муқовимати комплексӣ ба экстремизмро фароҳам меорад. Мақсади асосии ин пажуҳиш он аст, ки дар заминаи таҳлили муқоисавии таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, натанҳо самтҳои тавоно ва заъфи низомҳои зиддиэкстремистии миллӣ муайян карда шаванд, балки роҳҳои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва барқарорсозии равишҳои инсонмеҳвар барои ҳалли ин масъала пешниҳод гардад.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки хатари рӯзафзуни экстремизмро ҳамчун таҳдиди воқеӣ ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти миллӣ дарк намуда, дар сатҳи ҳуқуқӣ ва сиёсати давлатӣ ба ташкили низоми муқовимати фарогир оғоз намуд. Хусусияти ҷуғрофии кишвар, ҳамсарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки манбаи таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризм ва гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи мухаддир ба шумор меравад,
Тоҷикистонро водор намуд, ки дар муқобили равандҳои ифротӣ сиёсати фаъоли зиддиэкстремистиро пеш барад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», ки 8 декабри соли 2003 №69 қабул шудааст, фаъолияти давлатиро барои муқовимат бо чунин таҳдид ҳамчун қисми муҳими танзими амнияти миллии кишвар мушаххас менамояд. Ин қонун баъдан бо тағйиротҳои соли 2007 ва 2014 такмил дода шуд.
Ин санади меъёри ҳуқуқӣ дар таҳрири нав санаи 2 январи соли 2020 № 1655 қабул карда шуд. Ин қонун муқаррароти дақиқро оид ба фаъолияти созмонҳо ва шахсони алоҳида, ки дорои алоқа бо фаъолияти экстремистӣ мебошанд, ба танзим медарорад ва доираи васеи чораҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, аз ҷумла манъи ташкили гурӯҳҳои динӣ-сиёсӣ, назорати таблиғоти мазҳабии ғайрирасмӣ ва танзими равобити иҷтимоӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ.
Илова бар заминаи қонунгузорӣ, қадами дигари бисёр муҳим дар ин самт, ин қабули стратегияҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар 2 марҳила мебошад, аз ҷумла:
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ карда шудааст;
Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 (ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 187 аз 1 июни 2021) марҳилаи муҳим дар таҳким ва ҳамоҳангсозии чораҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба ин таҳдидҳо мебошад.
Дар ин стратегияҳо, дар баробари тадбирҳои қонунӣ ва амниятӣ, ба самтҳои иҷтимоӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ низ аҳамияти хосса дода мешавад. Ҳадафи ин стратегияҳо на танҳо мубориза бо зуҳуроти ифротӣ, балки пешгирии сабабу омилҳои он, аз ҷумла сатҳи пасти маърифати динӣ, бекорӣ, муҳоҷирати тӯлонии корӣ ва осебпазирии ҷавонон мебошад.
Дар як қатор иқдомҳои муҳим, дар соли 2024 ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори “Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028”-ро қабул намуд. Ин барнома ҳамчун ҳуҷҷати стратегии миллӣ ба таҳкими амнияти иҷтимоӣ ва пешгирии таҳдидҳои радикалӣ равона шудааст, ки тибқи он шахсоне, ки дар низоъҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ иштирок намуда, ихтиёран ба Ватан бармегарданд, бо шарти пушаймонӣ ва тавба аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Ин таҷриба натанҳо омили бозгардондани шаҳрвандон аз минтақаҳои ҷангӣ мебошад, балки заминаи реинтегратсияи иҷтимоии онҳо дар муҳити ҷомеа низ ба шумор меравад.
Ҳамзамон тадбирҳои иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм, дар баробари татбиқи санадҳои ҳуқуқии миллӣ, аз ҷумла қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои мукаммали иловагиро роҳандозӣ намудааст, ки ба таҳкими амнияти миллӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тақвияти муқовимати иҷтимоӣ мусоидат менамоянд. Ин тадбирҳо самтҳои мухталифро фаро гирифта, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, маърифатӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва фарҳангиро дар бар мегиранд, аз ҷумла:
1. Ислоҳоти низоми ислоҳӣ-таҷзиявӣ (системаи маҳбасӣ) - бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC) ва дигар шарикони хориҷӣ, Тоҷикистон Барномаи махсуси барқарорсозӣ ва маърифати ҳуқуқиро барои маҳкумшудагоне, ки бо иттиҳоми фаъолияти экстремистӣ дастгир шудаанд, ҷорӣ намудааст. Ҳадаф аз ин чорабинӣ, пешгирии ифротишавии минбаъдаи маҳкумшудагон ва мусоидат ба баргардондани онҳо ба ҳаёти осоишта мебошад.
2. Тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, бо мақсади коҳиши таъсири идеологияҳои ифротӣ, дар муассисаҳои таълимӣ, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд. Ин барномаҳо дар таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ нақши муассир доранд.
3. Татбиқи шакли “полиси ҷомеа” ва мустаҳкамсозии ҳамкории иҷтимоӣ. Дар ин замина навовариҳо дар низоми ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла татбиқи консепсияи “пулиси ҷомеа” (community policing), дар маҳаллаҳо роҳандозӣ шудаанд. Ин таҷриба ба таҳкими робита байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳолӣ, тавсеаи эътимоди ҷомеа ва ҷалби омма ба мубориза бар зидди ифротгароӣ равона шудааст.
4. Тақвияти назорати иттилоотӣ ва фазои рақамӣ. Мақомоти марбута назорат бар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар манобеи иттилоотиро пурзӯр намуда, паҳншавии маводи дорои мазмуни экстремистиро таҳти таҳқиқ ва маҳдудкунӣ қарор додаанд. Бо вуҷуди ин, дар соли 2025 тағйироти қонунгузорӣ амалӣ гардид, ки тибқи он “лайк” кардани паёмҳои дорои муҳтавои шубҳаноки сиёсӣ аз зумраи ҷиноят хориҷ карда шуд, ки нишонгари мутавозинсозии ҳуқуқи шаҳрвандон ва амнияти миллӣ мебошад.
5. Раванди танзими фарҳанг ва арзишҳои миллӣ. Дар доираи сиёсати фарҳангии давлат, тарғиби арзишҳои миллӣ ва пешгирии зуҳуроти фарҳанги бегона, ки метавонанд воситаи идеологӣ барои радикализатсия гарданд, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтааст. Ҷорӣ намудани талаботи либоспӯшии мутобиқ ба анъанаҳои миллӣ ва манъи истифодаи нишонаҳои шубҳаноки фарҳангӣ яке аз ин тадбирҳост. Хулоса чунин равиши фарогир дар мубориза бо экстремизм аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз як силсила василаҳо ва стратегияҳои ҳамоҳангшуда, барои таҳкими иммунитети иҷтимоӣ ва пешгирии ифротгароӣ, як системаи мураккаби сиёсати амниятиро амалӣ менамояд. Ин равиш таҷассумгари анъанаи миллии муқовимати давлатӣ, омодагии ҷомеа ва ҳамоҳангии сохторҳои гуногун дар рӯ ба рӯйи таҳдидҳои фаромиллӣ мебошад.
Дар самти ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомот бо як қатор созмонҳои ғайридавлатӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва муассисаҳои илмӣ робитаи фаъолро ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон, тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ, маъракаҳои густурдаи иттилоотӣ ва маърифатӣ бо иштироки уламои динӣ, намояндагони зиёиён ва кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ доир мегарданд. Таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ниҳоди таҳлилии муқовимат бо ифротгароии мазҳабӣ нақши калидӣ бозӣ мекунад.
Хулоса, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки танҳо бо роҳи омезиши чораҳои ҳуқуқӣ, барномарезиҳои иҷтимоӣ, корҳои тарбиявӣ ва сиёсатҳои реинтегратсионӣ, ки ба хусусиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеа мутобиқанд, метавон ба таҳдидҳои экстремистӣ посухи муассир дод. Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, тавсеаи таълими динӣ дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва таҳкими масъӯнияти идеологии ҷавонон аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ба шумор мераванд.
Ашуров Умедҷон Баҳридинович
директори КВД “Маркази таълимии шаҳри Душанбе”