Имрӯз дар ҷомеаи мо сухани зебо, ҳикматомез ва умедбахш зиёд садо медиҳад. Мардум ба ҳамдигар панд медиҳанд, мақола менависанд, шеър месароянд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ахлоқ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва ростқавлӣ ҳарф мезананд. Аммо як ҳақиқати оддӣ мавҷуд аст: сухани нек муҳим аст, аммо амали нек муҳимтар. Ҳар кас метавонад нависад, аммо на ҳар кас амал мекунад. Сухан гуфтан осон аст. Шумо метавонед бо чанд ҷумла як ҷомеаро ба ҳаяҷон оваред. Аммо амал кардан - заҳмат мехоҳад, ирода мехоҳад, вақт ва фидокорӣ мехоҳад. Танҳо шахсоне, ки бо қалби пок аз дилу ҷон амал мекунанд, метавонанд дигаронро ба амал барангезанд.
Мутаассифона, мо аксар вақт аз паси шиорҳо ва суханони хушманзар меравем, вале амалро нодида мегирем. Шахсе, ки ҳар рӯз дар оромӣ ва бе шеъру мақола барои мардум хизмат мекунад, гоҳе дида намешавад, вале ҳақиқати зиндагӣ аз ӯ меояд.
Амали нек таъсири бештар дорад, мардум бештар ба он чизе эътимод мекунанд, ки мебинанд, на ба он чизе ки мешунаванд. Агар мо фарзандонамонро ба ростқавлӣ таълим диҳем, аммо худамон дуруғ бигӯем – онҳо амалро мегиранд, на пандро. Агар дар бораи муҳити зист ҳарф занем, вале худамон партовро ба кӯча партоем – шиор бемаънӣ мешавад. Дар ҳар соҳа – хоҳ давлат бошад, хоҳ ҷомеа, хоҳ оила – амал решаи боварӣ ва таъсиргузорист.
Бигзор намунаи амалӣ бошем, на танҳо сухангӯи ҷомеае, ки дар он ҳама мехоҳанд "гуфтан", вале на "кардан", рушд намекунад. Вақте мо масъулиятро танҳо бо гуфтан анҷомёфта меҳисобем, худфиребӣ мекунем. Ҳол он ки ҳар шахс метавонад дар доираи имконоти худ амал кунад – як кӯдакро омӯзонад, як кӯчаро пок нигоҳ дорад, як фикри созандаро амалӣ кунад. Мо бояд намуна бошем, то дигарон аз мо биомӯзанд, на танҳо аз гуфтаи мо.
Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, арзишмандии шахсият на танҳо аз гуфтаҳояш, балки аз амали воқеӣ ва масъулиятшиносии ӯ дар иҷрои қонуни асосӣ ва хизмат ба давлату миллат муайян мегардад.
Чунонки адиб фармудааст:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Яъне, вақте илм ва гуфтор бо амал ҳампаймон шаванд, шахсият ба мартабаи баланд мерасад. Ин гуфта ба шахсиятҳои бузурге мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ тадбиқ мешавад, ки гуфтаҳояш ҳамеша бо амалаш ҳамкадам мебошад.
Хулоса, сухани нек чароғ аст, аммо амали нек роҳ аст. Барои тағйири воқеӣ мо бояд аз гуфтан ба амал гузарем. Ба ҷойи интизорӣ, қадам занем, ба ҷойи таъриф, дастгирӣ намоем, ба ҷойи баҳс, ибрат бошем. Миллат ва давлатро амал месозад!
Мутахассиси пешбари
Раёсати молия, таҳлил ва дурнамо
Ҷумаҳмадов Навруз