26 июни соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазир Холмаҳмадзода Солеҳа бахшида 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис аъзои ҳайати мушовара, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он иштирок намуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода С. зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ барои ҳар як фарди мамлакат баробари Истиқлолият арзиши бузург дорад. Тавассути ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима дода шуд ва ин дастовард ҷиҳати таъмини ваҳдати милливу ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва рушди он заминаи воқеӣ гузошт.
Пешвои муаззами миллат ба маврид дар бораи аҳаммияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки «Созишномаи мазкур аз лиҳози аҳаммияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Имрӯз Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст. Фарҳанги сулҳофаринии мо, ки дар натиҷаи ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, аз ҷониби ҷомеаи байнамилалӣ эътироф гардида, ҳамчун намунаи нодири ҳалли низоъҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ин ифтихор ва сарбаландии мост, ки миллати тоҷик бо иттиҳоду ҳамдастӣ тавонист роҳи хуро ба сӯй шукуфоӣ ва пешрафт равшан созад.
Зикр гардид, ки имрӯз, дар вазъияти ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон, талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё, вусъати рӯзафзуни ҷангҳои иттилоотӣ, бозиҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат дар минтақаҳои гуногуни олам бори дигар собит мегардад, ки ваҳдат на танҳо як зарурат, балки шарти асосии бақои миллат ва кафолати суботи давлат мебошад.
Маърузаунандагон ёдовар шуданд, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ бесобиқа ва сарнавиштсоз мебошад. Талошҳои Сарвари давалти мо на танҳо барои як ҷумҳурии мо ё минтақа, балки барои сулҳи сартосарии дунё буда, 24 сентябри соли 2024 зимни иштирок дар 79 умин Нишасти Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорки Амрико, пешниҳод карданд, ки Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”-ро қабул намояд. Таъкид карданд, ки: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо намудани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад”.
Ин шабу рӯз гуфтаҳои дурандешонаи Пешвои миллати мо бори дигар тасдиқи худро ёфта, моро, ки аз оқибатҳои ҷангу мухолифат ва парокандагиву хатари нестӣ огоҳ ҳастем, ба муттаҳидӣ дар атрофи Сарвари худ ҳидоят менамоянд. Вазир Холмаҳмадзода С. ҳозиринро ба ҳушёриву зиракӣ, муттаҳидӣ, меҳнати содиқонаву садоқат ба халқу ватани худ даъват намуда, аҳли ҳамоиш ва кулли кормандони вазорат ва сохторҳои онро ба фарорасии Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳният гуфт.