5 октября 2026
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди вилояти Суғд мулоқоту вохӯрии судяҳо бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Мулоқотро муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Акбар Юсуфӣ сарварӣ намуда, иштирокдоронро муаррифӣ намуд. Дар ҷамъомад судяҳои суди вилояти Суғд Сафозода Амриддин Гул, Искандарзод Абдулҳамид Искандар, Назариён Нигора Қосимӣ ва раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ғайрат Сангинзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо мақсади баландбардории маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба мақоми олии қонунгузори кишвар бармеоянд ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлат роҷеъ ба эълон гардидани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда…» ва Соли 2027 – соли маърифати ҳуқуқӣ судяҳо бо мардум бо мисолҳои воқеӣ оид ба масъалаҳои саҳмгузорӣ дар тарғибу амалигардонии ташаббусҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф, муқовимат ба экстремизму терроризм, коррупсия, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, танзими ҷашну маросим, истифодаи самараноки қувваи барқ, ҳиссагузорӣ дар ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.