Дар Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов бо иштироки роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва қудратии ноҳия, кормандони соҳаи маориф ва аҳли зиё ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор чорабинии идона баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар тақвими давлатдории мо паҳлуи ҳам қарор гирифтани ин ду ҷашн тасодуфӣ нест. Зеро забонро омӯзгор меомӯзонад, фарҳанги суханро ташаккул медиҳад ва муҳаббат ба Ватан, таърих, миллат ва арзишҳои миллӣ тавассути сухану таълим ба қалби насли нав роҳ меёбад.
Бо ибораи дигар, агар забон ҳастии маънавии миллат бошад, омӯзгор посдор ва интиқолдиҳандаи ҳамин ҳастӣ аз як насл ба насли дигар мебошад.
Таманниёти идонаи Раиси вилояти Суғд аз ҷониби намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Сайфулло Раҳматов ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Дар идомаи чорабинӣ барои саҳми арзанда дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ омӯзгорони пешқадам бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва нишони соҳавии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, инчунин собиқадорони соҳа бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Барномаи адабию фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни хос бахшида, онро рангину хотирмон гардонид.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров