ДЕҲА БА ДЕҲА
мулоқот
Имрӯз гурӯҳи тарғиботии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои тарғиботию ташвиқотиро аз рӯи усули «Деҳа ба деҳа» бо сокинони маҳаллаи «Деҳаи пойин» баргузор намуданд. Тарғиботчиён бо сокинони маҳалла оид ба масъалаҳои ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта бо истифода аз рӯзҳои мусоиди обу ҳаво ва иштироки фаъолонаи сокинон дар маъракаи пахтачинӣ, вобаста ба омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, захираи маводи зарурӣ ва маҳсулоти ғизоӣ, вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, пешгирии бекорӣ ва оқибатҳои ҷалби ҷавонону наврасон ба равияҳои тундрави экстремистию террористӣ, пешгирии падидаҳои бегонапарастӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар мавриди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагии маҳалпешгирии падидаҳои бегонапарастӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар мавриди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагии маҳал корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров