Муборакбодии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯъмонзода бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Дар сиёсати давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол масъалаи ҳифз ва рушди забони давлатӣ мақоми хос дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро аз вазифаҳои муҳимтарини давлат муайян кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ забони тоҷикиро аз ҷумлаи муқаддасот ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ арзёбӣ намуда, онро «шаҳсутуни бинои маънавии миллат» номидаанд.
Ин баҳо танҳо як таъбири зебои адабӣ нест. Дар паси он як ҳақиқати бузурги таърихӣ қарор дорад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ давлатҳо, шаҳрҳо ва сарзаминҳои зиёдеро дидааст. Марзҳои сиёсӣ тағйир ёфтаанд, сулолаҳо омадаву рафтаанд, аммо забони тоҷикӣ бо осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва садҳо фарзандони дигари миллат моро ҳамчун як ҷомеаи дорои хотираи муштараки таърихӣ ба ҳам пайвастааст. Аз ҳамин ҷиҳат, забон — хотираи миллат аст, забон — тафаккури миллат аст, забон — воситаи давлатдорӣ аст, забон — василаи интиқоли дониш аст ва забон — яке аз муҳимтарин омилҳои ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ин масъала аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Ҷаҳони муосир ҷаҳони рақобати на танҳо иқтисодҳо ва технологияҳо, балки рақобати дониш, фарҳанг, иттилоот ва забонҳо низ мебошад. Аз ин рӯ, дар баробари пок нигоҳ доштани забони модарӣ вазифаи муҳимтар ин аст, ки забони тоҷикӣ забони тавонои илм, технология, иқтисод, идоракунӣ ва фазои рақамӣ бошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро бобати рушду нумӯъ ва густариши забони давлатӣ босубот дар амал татбиқ намуда, тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст. Дар ин самт таълиму тадриси забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ идома ёфта, тарғиби гуфтору эҷод бо забони давлатӣ дар байни мардум бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш рушд мегирад. Имрӯз коргузориву дафтардорӣ дар тамоми ҷанбаҳои ноҳия бо забони шевои тоҷикӣ сурат гирифта, маҷлису маҳфилҳо бо сухангӯиҳои равону ширини ровиён ҷараён мегирад. Имрӯзҳо ҳар як фарди хештаншиносу ватанпарвар бояд, ки дар такмилу омӯзиши забони давлатӣ ва рушди он саҳмгир бошад. Дар ин самт дар ниҳоди ҳар фарди ҷомеа аз айёми кӯдакию наврасӣ меҳру муҳаббати забони модариро парваридан аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Ҳамдиёрони муҳтарам!
Рӯзи забони тоҷикӣ бо маънои томаш иди якдилӣ, дӯстӣ ва ҷашни умумимиллии кулли сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад. Тамоми сокинони ноҳияамонро ба ифтихори ин иди миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, дар кору фаъолияти ҳамарӯзаатон комёбиҳо ва дар рӯзгоратон саодатмандиҳоро таманно дорам.
Бигзор забони тоҷикӣ ҳамеша забони давлатдорӣ, илму маърифат, фарҳангу муҳаббат ва ваҳдати миллӣ боқӣ монад!
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!