Имрӯз дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон тибқи нақшаи кории раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Маркази илмии кишоварзии Помир дар ҳамкорӣ бо раёсати кишоварзии ВМКБ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рошткалъа Мизи мудаввар дар мавзӯи «Усулҳои баланд бардоштани хосилнокии зироатҳои кишоварзи дар шароити ноҳияи Рошткалъи ВМКБ» баргузор гардид. Дар кори Мизи мудаввар намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони Раёсати кишоварзии вилоят ва ноҳия, олимони соҳавӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи рушди деҳот иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади ба деҳқонон фаҳмонда додани усулҳои парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо дар шароити кӯҳсори Бадахшон, ба хусус ноҳияи Рошткалъа роҳандозӣ гардид.
Олимони соҳавӣ дар раванди Мизи мудаввар қайд карданд, ки иқлими ноҳияи Роштқалъа хосиятҳои худро дорад ва барои гирифтани ҳосили хуб истифодаи тухмиҳои ба сармо тобовар ва зудпаз зарур аст. Дар бахши боғдорӣ, таваҷҷуҳи асосӣ ба усулҳои дурусти шаклдиҳии (буриши) дарахтони мевадиҳанда ва ҳифзи онҳо аз сармозании баҳорию тирамоҳӣ равона карда шуд. Хам замон усулхои афзоиши нашвии дарахтон бо методҳои пайвандкунӣ ва қаламчакунӣ дар шароити номусоиди Бадахшон ба иштирокчиён фаҳмонда дода шуд.
Дар самти парвариши зироатҳои кишоварзӣ ба хусус картошка ва сабзавот масъалаҳои интихоби тухмӣ коркарди замин ва усулҳои ғизодиҳӣ мавриди муҳокима ва барраси гардиданд.
Бо сабаби кӯтоҳ будани фасли баҳор ва тобистон дар ноҳия, сохтмони гармхонаҳои муосир, хусусан гармхонаҳои траншейӣ (хандақӣ) ва офтобӣ, беҳтарин роҳи таъмин кардани бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тоза (помидор, бодиринг ва кабудиҳо) дар тамоми фасли сол арзёбӣ гардид.
Мутахассисон ва агрономҳо усулҳои самарабахши муборизаи биологӣ ва ҳамоҳангшударо бар зидди ҳашаротҳои зараррасон, аз ҷумла гамбӯски колорадоӣ ва ширинчаҳо (тли) муаррифӣ намуданд. Таъкид шуд, ки истифодаи усулҳои биологи барои ҳифзи табиати нодири Роштқалъа нисбатан пурарзиштар ва бехатар мебошанд.
Дар анҷоми сӯҳбат миёни кишоварзон ва олимон мубодилаи озоди афкор суръат гирифта, қарор дода шуд, ки чунин дарсҳои амалӣ ва машваратӣ барои деҳқонони ҷамоатҳои ноҳия бештар ташкил карда шаванд. Барои деҳқонон тавсияномаҳои методӣ оид ба нигоҳубини боғҳо ва идоракунии гармхонаҳо дастрас гардид.
Ҳамзамон дар охири Мизи мудаввар, резолюция қабул гардида баҳри иҷрои нуқтаҳои дар он дарҷ гардида, олимон ва даеҳқонон минбаъд низ дар ҳамкорӣ фаъолият намуда, баҳри таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.