Коркарди технологияи парвариши навъҳои интихобшудаи картошка, зироатҳои сабзавотӣ, ғалладонагию лӯбиёӣ ва мевадиҳанда вобаста ба баландии маҳал ва истифодаи намудҳои гуногуни нуриҳо
Барномаи мазкури илмӣ-тадқиқотӣ ба мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар шароити кӯҳистону доманакӯҳҳои Тоҷикистон равона карда шуд. Вазифаи асосӣ ин муайян кардани қонуниятҳои парвариш ва истифодаи нуриҳо дар баландӣ (зиёдшавии баландӣ аз сатҳи баҳр) аст. Дар кӯҳистон хокҳо аксар вақт камгумус ва ба фарзоиш дучор мешаванд. Нуриҳои органикӣ сохтори хокро беҳтар карда, намии онро нигоҳ медоранд. Дар баландкӯҳҳо аз сабаби суст будани микрофлора, меъёри нуриҳои органикиро тадқиқ кардан лозим аст.
Фосфор ва калий барои заминхои кӯҳистон ниҳоят муҳиманд. Онҳо системаи решаро мустаҳкам мекунанд, устувории растаниҳоро ба хунукӣ ва хушкӣ зиёд карда пухтани ҳосилро метезонанд.
Истифодаи бор, руҳ, молибден ва маҳлулҳои гуматӣ барои баланд бардоштани масунияти (иммунитет) зироатҳо дар шароити стресси иқлимии кӯҳистон мусоидат менамоянд.
Мақсади асосии барнома ин коркард ва ҷорӣ намудани технологияҳои илман асосноки парвариши зироатҳои кишоварзӣ (картошка, сабзавот, ғалладона, лӯбиёги ва мева) дар минтақаҳои гуногуни амудӣ (баландии маҳал аз сатҳи баҳр) бо истифодаи самараноки нуриҳо, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ҳифзи ҳосилтарини хок.
Барои расидан ба мақсади гузошташуда, иҷрои вазифаҳои зерини илмӣ ва амалӣ мавриди омузиш карор дода мешаванд:
- Омӯзиши хусусиятҳои агробиологии минтақаҳо вобаста ба баландӣ (ҳарорат, миқдори боришот, давомнокии давраи вегетатсия ва шиддати шуоъҳои офтоб).
- Муайян кардани таркиби агрохимиявии хок (миқдори гумус, азот, фосфор, калий ва pH) дар баландкӯҳҳо ва доманакӯҳҳо.
Муваффақияти ин технология дар он аст, ки барои ҳар як зинаи баландӣ (масалан, 1000м, 1800м, 2500м) «шиносномаи агротехникӣ» сохта шавад, то деҳқон донад, ки дар кадом баландӣ, кадом навъро шинонад ва чӣ миқдор нуриро дар кадом давра истифода баранд.