Дар соли ҷори кормандони Маркази илмии кишоварзии Помир барои иҷрои барномаҳо мувофиқи нақшаи корӣ ду маротиба ба ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб барои муайян намудани бемориҳои сироатии ҳайвонот сафар намуданд.
Ин иқдоми кормандони Марказ хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои калидӣ ва анъанавии соҳаи кишоварзӣ дар минтақаи Бадахшон (Помир) ба шумор меравад ва ҳифзи солимии ин ҳайвонот барои иқтисодиёти маҳаллӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Ташхиси лаборатории касалиҳои сироятии қутосҳо имкон медиҳад, ки касалиҳо дар марҳилаи аввал ошкор гардида, аз паҳншавии эпидемия (эпизоотия) дар байни подаҳо пешгирӣ карда шавад.