Сафари корӣ ва ташрифи директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), доктори илмҳои техника Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор бо гурӯҳи корӣ ба қитъаи таҷрибавии МИКП дар ноҳияи Рушон (ВМКБ) ба роҳандозии таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва муайян намудани реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба тағирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва экосистемаи минтақаи Кӯҳистони Бадахшон равона шудааст. Дар рафти чунин сафарҳои корӣ ва экспедитсияҳои илмӣ олимону мутахассисон ба омӯзиши амалии истифодаи захираҳои мавҷудаи об ва таҳқиқи рудҳо ва дарёҳои минтақа машғул шуданд.