ВОХӮРӢ БО САФИРИ НАВТАЪИНИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН https://www.facebook.com/share/p/1Bx6sHb9vP/ Санаи 16 уми сентябри соли 2026 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода Сафири навтаъини Давлати…
ВОХӮРӢ БО САФИРИ НАВТАЪИНИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 16 уми сентябри соли 2026 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода Сафири навтаъини Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дурнамои рушди минбаъдаи робитаҳо миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои сиёсиро баланд арзёбӣ намуда, ҷиҳати густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои марбут ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба мубодилаи қувваи корӣ дар бахши хусусӣ аз 3 ноябри соли 2024 ва раванди татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва ширкати Al-Huqooq International Representative of Company, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки татбиқи самараноки санадҳои мазкур метавонад барои ба роҳ мондани сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори меҳнати Давлати Кувайт, инчунин барои ҷалби корфармоён ва ширкатҳои кувайтии ба қувваи кории хориҷӣ эҳтиёҷдошта заминаи мусоид фароҳам орад.
Дар фарҷом, ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи санадҳои амалкунанда табодули назар намуда, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн пешниҳодҳои мушаххас баён карданд.