ИСТИҚБОЛ АЗ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
https://www.facebook.com/share/p/1DWfvBYDzn/
Имрӯз, 26 сентябри соли равон дар толори ГТЛ “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди вазорат таҳти унвони: «35 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон: аз дастовардҳои имрӯз то фардои дурахшон»! бо шукуҳӯ шаҳомат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар маҷлиси тантанавӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холмаҳмадзода Солеҳа ва собиқадори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ходими сиёсӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфӣ Хайринисо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холмаҳмадзода Солеҳа ҳозиринро бо ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуда, дар бораи роҳҳои тайкардаи ҷумҳуриамон давоми 35 – соли Истиқлолият, аз дастовардҳои имрӯз ва то фардои дурахшони ватани азизамон сухан карданд.
Аз ҷумла, дарҷ карда шуд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи бисёр вазнин буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони иқтисодӣ, коҳиши истеҳсолот, аз байн рафтани ҷойҳои корӣ, мушкилоти молиявӣ ва коҳиши қобилияти иқтисодии давлат ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсири ҷиддӣ расониданд.
Дар чунин шароит вазифаи асосӣ ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва ба вуҷуд овардани заминаи рушди минбаъдаи кишвар буд, ки ин рисолати таърихиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифтанд.
Бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз марҳилаи ҳифзи давлатдорӣ ба марҳилаи созандагӣ, аз барқарорсозӣ ба рушди устувор ва аз ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷа ба татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ гузашта, инсон ҳамеша дар маркази сиёсати давлат қарор дошт. Инро мо махсусан дар сиёсати иҷтимоии давлат ҳамарӯза эҳсос менамоем ва равшан мебинем – таъкид доштанд Холмаҳмадзода Солеҳа.
Собиқадори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ходими сиёсӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфӣ Хайринисо баъд аз муборакбод намудани аҳли толор ба ин санаи фархундаи сарнавиштсоз дар бораи нақш ва талошҳои хастанопазири шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба як давлати воҳид табдил додани Тоҷикистони азиз, ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ, ободониву созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвари азизамон ва мавқеъи сиёсӣ пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, бахусус бо забони ноби тоҷикӣ аз минбари баланди СММ сухан намудани ин фарзанди фарзона ва барӯманди Тоҷикистони азиз аз хотироти солҳои гузашта, ки дар зинаҳои гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият менамуданд, ба ҳозирин бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ сухан карданд.
Директори иҷроияи лоиҳа, Бобохонзода С.Ғ. дар баромади худ доир ба осон набудани роҳи тайкардаи Тоҷикистон давоми 35 соли гузашта, аз ҷумла дар заминаи мушкилоти сангини сиёсӣ, ҳамроҳ гардидани мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сухан намуд.
Дарҷ карда шуд, ки дар натиҷаи низоъи дохилӣ ба иқтисодиёти мамлакат, инфрасохтор, истеҳсолот ва ҳаёти иҷтимоии мардум хисороти бузург ворид шуд. Ҳазорон оилаҳо аз маҳалли зисти худ дур шуданд, садҳо ҳазор нафар дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамчун гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳамин марҳилаи ҳассоси таърихӣ иродаи сиёсӣ, матонат ва масъулияти роҳбарияти давлат ва пеш аз ҳама сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти давлат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши ҳалкунанда бозид. Ва имрӯз натиҷаи чунин талошҳои Сарвари давлат барои гул-гулшукуфоии ватани азизамон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии кишварамон самарҳои нек оварданд.
Зимни баромади худ, собиқадори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Ормонов М. дарҷ намуд, ки дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи иҷтимоии давлат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи манфиатҳои мардум, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва дастгирии гурӯҳҳои ниёзманд равона гардидааст.
Дар фарҷоми маҷлис Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холмаҳмадзода Солеҳа, собиқадори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ходими сиёсӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфӣ Хайринисо ва директори иҷроияи лоиҳа Бобохонзода С.Ғ. бори дигар иштирокчиёнро ба ин санаи фархунда муборакбод намуда, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, рушди устувор ва ба ҳар як оилаи тоҷик файзу баракат, саломатӣ ва зиндагии шоистаро орзу намуданд.