МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛ – САМТҲОИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ https://www.facebook.com/mlmert/posts/pfbid02h3wCMyhnn6PotFcymh1ZJXT1H9VxQ4wAfeUq3ThiN8usqPABKzqWEt4c5TMnzsjWl Маҳз бо шарофати истиқлолият сиёсати давлатӣ дар самти…
МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛ – САМТҲОИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Маҳз бо шарофати истиқлолият сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, рушди бозори меҳнат, таъмини шуғли аҳолӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум пайгирона амалӣ гардида истодааст.
Дар шароити истиқлол меҳнат ҳамчун сарчашмаи асосии рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии ҷомеа мавқеи хоса касб намудааст. Давлат барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии шаҳрвандон тадбирҳои муассир меандешад. Ҳамаи ин иқдомҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барномаҳои гуногуни давлатӣ оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ, омӯзиши касбӣ, бозомӯзии шаҳрвандони бекор ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа қабул ва амалӣ гардидаанд. Ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки шаҳрвандон мувофиқи талаботи бозори меҳнат соҳиби касбу ҳунар гардида, бо ҷойи кори муносиб таъмин шаванд.
Дар баробари ин, муҳоҷирати меҳнатӣ низ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад. Давлат баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва забондонии онҳо, инчунин расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирон, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмини муҳоҷирати бехатар аз вазифаҳои муҳими мақомоти давлатӣ мебошад.
Имрӯз таваҷҷуҳи махсус ба рушди сармояи инсонӣ, омӯзиши касбҳои рақобатпазир ва мутобиқ намудани малакаҳои шаҳрвандон ба талаботи бозори меҳнат равона шудааст. Ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа барои аз худ намудани касбҳои замонавӣ, рушди соҳибкорӣ ва истифодаи технологияҳои нав ҳавасманд карда мешаванд. Ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.
Истиқлолият инчунин барои такмили қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ заминаи боэътимод фароҳам овард. Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода шуда, ҳифзи ҳуқуқи кормандон, муносибатҳои меҳнатӣ ва амнияти иҷтимоӣ пайваста тақвият меёбанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои созанда ва сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи хизматрасониҳо дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мунтазам беҳтар гардида, барои рушди иқтидори инсонӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бо меҳнати ҳалол, масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.
]
Истиқлолияти давлатӣ на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрии миллат, балки асоси рушди соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошад. Ҳифзи ин неъмати бузург, эҳтироми арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги меҳнат ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди кишвар вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст. Бо меҳнати содиқона ва истифодаи самараноки имкониятҳои истиқлол метавон Тоҷикистон боз ҳам ободу пешрафт гардад.
Сармутахассиси раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ