Бо мақсади шиносоӣ бо шароити таҳсил, пойгоҳи моддиву техникӣ ва фаъолияти илмии муассиса, донишҷӯёни факултети тибби бойторӣ ба Академияи кишоварзии Тоҷикистон, Институти тибби ветеринарӣ ташриф оварданд. Зимни боздид донишҷӯён бо синфхонаҳои…
Бо мақсади шиносоӣ бо шароити таҳсил, пойгоҳи моддиву техникӣ ва фаъолияти илмии муассиса, донишҷӯёни факултети тибби бойторӣ ба Академияи кишоварзии Тоҷикистон, Институти тибби ветеринарӣ ташриф оварданд.
Зимни боздид донишҷӯён бо синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои муосир, ва имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ аз наздик шинос гардиданд.
Ҳамзамон, масъулини институт ба донишҷӯён оид ба самтҳои таҳсил, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дурнамои рушди соҳаи ветеринарӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ин гуна вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ ва тақвияти ҳамкориҳои таълимӣ аҳамияти муҳим доранд.