Рўзи фермерї дар асоси Наќшаи конференсияю семинарњои илмию амалии минтаќавї, рўзњои сањрої, фермерї ва мизи мудаввар, ки аз љониби Раёсати АИКТ 30 декабри соли 2024, №2 тањти унвони «Тартиби амалисозии чорабиниҳои ветеринарӣ дар хоҷагиҳои гӯсфанпарварӣ» тасдиќ гардидааст, баргузор гардид. Дар рўзи фермерї Сардори МТБО дар н. Рӯдакӣ Камолзода И.Т., номзади илмҳои ветеринарӣ директори Институти тибби ветеринарии АИКТ Атовуллозода Р. А, Доктори илмҳои ветеринарӣ ходими пешбари ИТВ АИКТ Амирбеков М. А., номзади илмҳои ветеринарӣ мудири шуъбаи паразитологияи ИТВ АИКТ Сатторов С. Ф, ходимони калони илми ИТВ АИКТ Қосимов С. М ва Сатторов Ғ.М., роҳбари хоҷагии деҳқонии “Меҳнат Роҳат” Қурбонзода Мирзо, роҳбари х/д Чорводор Боев Маҳмадюсуф, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Тоҷикистон” Маҳмадшоев Фирдавс. Сардухтури ветеринарии хоҷагии ёрирасони ҳарбии “Душанбе” Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаниев М, раиси кооперативи матлуботии “Агропром” Шарипов Абдумумин, Муовини сардор ва кормандони МТБО дар н. Рӯдакӣ ҷамъ њамагї 49 нафар иштирок намуданд.
Рўзи фермерї дар доираи дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба њамгироии илм бо истењсолот ва баррасии масъалањои њалталаби рушди соњаи чорводорї ва пешгирии беморињои он баргузор гардид.
Дар баромаду маърӯзаҳои иштирокчиён қайд карда шуд, ки дастгирии олимони соҳаи ветеринарӣ ба чорводорони ноҳия ва мутахассисони ветеринарии Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ниҳоят калон аст, минбаъд низ ҳамкориҳоро бо олимони соҳа хуссусан Институти тибби ветеринарии АИКТ идома медиҳем ва мо ба кумак ва дастгирии олимон доимо ниёз дорем.
Дастуру тавсияҳои олимон ва коршиносон барои мо мутахассисон дар пешгирӣ, ташхис, табобат ва бартарафсозии бемориҳои сироятии ҳайвоноти кишоварзӣ бениҳоят зарур мебошад.
Баъдан директори Институти тибби ветеринарии АИКТ номзади илмҳои ветеринарӣ Атовуллозода Р. А. ба сухан баромада миннатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва ШНТҶ ва МТБО хуссусан ба сардор Камолзода И.Т ҷиҳати мусоидат дар корҳои илмии Институт ва баргузор намудани Рӯзи фермерӣ дар заминаи МТБО дар ноҳия изҳор намуд.
Атовуллозода Р. А. оид ба дастовардҳои илмии Институт сухан ронда қайд намуд, ки дар озмоишгоҳҳои муассиса имконияти санҷиши бисёр бемориҳои сироятии ҳайвоноти кишоварзӣ, нишондодҳои сифату бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ (биологӣ, ҳайвонот), маводи байторӣ ҳаст. Мутахассисону олимони Институт бо бисёр хоҷагиҳои чорводории шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хуссуан хоҷагиҳои чорвопарварии ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҳамкории зич доранд.
Вазъи эпизоотии кунунии кишварро шарҳ дода қайд карда шуд, ки айни ҳол дар байни чорво ҳодисаҳои бақайдгирии бемориҳои сироятӣ мушоҳида шуда, талафу ночоркушташавии номатлуби чорво мушоҳида шуда истодааст. Аз як тараф сифати паст доштани маводҳои байторӣ бошад, аз тарафи дигар дар муҳлатҳои пешбинишуда гузаронида нашудани чорабиниҳои банақшагирифташудаи зиддиэпизоотӣ мебошад.
Мақсад аз ҷамъ омадани мо ва чорабинии имрӯза суҳбати озоду ошкоро буда олимони имрӯз барои гузаронидани Рӯзи фемерӣ ҷалбшуда омодаанд ба ҳама саволҳо посух дода, инчунин андешаҳои Шуморо оид ба беҳтар намудани корҳои профилактикӣ дар байни саршумори ҳайвоноти кишоварзӣ, интихоби дорувориҳо, эмдоруҳо шунида, якҷоя масъалаҳои мубрамро муҳокима намоянд.