Бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, кормандони Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) дар корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар Боғи Дӯстӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ кормандон ба тоза намудани гирду атроф, нарм каодани бехи дарахтон ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ саҳми арзанда гузоштанд. Ин иқдом на танҳо барои зебоии шаҳр, балки барои тарбияи фарҳанги экологӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи ҳамкорӣ байни кормандон аҳамияти калон дорад.
Роҳбарияти институт чунин ташаббусҳоро дастгирӣ намуда, изҳор дошт, ки иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоии муассиса ба ҳисоб меравад.