Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон бузургтарин дастоварди таърихӣ ва асоси пойдории давлатдории миллӣ мебошад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо роҳи пуршарафи бунёди давлати соҳибихтиёрро тай намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил ва соҳибэътибор мавқеи устувори худро пайдо намуд.
Зеро маҳз истиқлолият барои эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум заминаи устувор гузошт.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолият — таъмини сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ асоси пешрафти ҳар як давлат ба шумор меравад. Агар дар ҷомеа оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, барои рушди иқтисод, бунёди иншооти иҷтимоӣ, пешрафти илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо имкониятҳои васеъ фароҳам меоянд.
Дар ҷаҳони имрӯза, ки таҳдиду хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва паҳншавии ғояҳои бегона ба амнияти давлатҳо таъсир мерасонанд, ҳифзи суботи ҷомеа аҳамияти бештар пайдо мекунад. Дар чунин шароит баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Ҷавонон неруи бузурги созанда ва ояндаи давлат мебошанд. Бояд онҳо бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида ба донишомӯзӣ, касбомӯзӣ, варзиш, корҳои созанда ва фаъолияти ҷамъиятӣ бештар ҷалб шаванд. Ҷавони донишманду худшинос, ватандӯсту масъулиятшинос метавонад дар рушди ҷомеа саҳми назаррас гузошта, дар муқобили ҳар гуна андешаҳои ифротӣ ва ғояҳои бегона устувор бошад.
Истиқлолият ҳамчунин барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа имкониятҳои бузург фароҳам овард. Забони давлатӣ, таъриху фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки мардумӣ ва ҳунарҳои миллӣ ҳамчун рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ таҳким ёфтанд. Ҳифзи ин арзишҳо ва ба насли ҷавон расонидани онҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд. Бунёди муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ, роҳҳо, корхонаҳо, иншооти фарҳангӣ ва варзишӣ далели равшани рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд ҳар як шаҳрванди кишварро ба шукргузорӣ аз ин неъмати бузург ва масъулияти бештар дар назди Ватан водор созад. Мо бояд дарк намоем, ки Истиқлолият танҳо рамзи соҳибдавлатӣ нест, балки масъулияти бузург барои ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва таъмини ояндаи шоистаи наслҳои минбаъда мебошад.
Анушервон Сайфуллоев, мутахассиси шуъбаи омори ноњия