Гуруҳи 24 ва ТТЭ ҲНИ – хиёнаткорони ифротӣ
Дар замони муосир ҳаракатҳои гуногуни терористию экстремистӣ, ки бо ҳар гуна роҳу воситаҳо ҷомеаи ҷаҳониро ноором намуда, ҳазорон нафарони бегуноҳро ба қатл мерасонанд, таҳдиди умумиҷаҳонӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, аз ин зуҳуроти ҷиноятӣ дур монда наметавонад. Бинобар ин ба ҳамаи мо зарур аст, ки нисбат ба ин зуҳуроти номатлуби замон бетараф набуда, ба масъалаи таъмини амният ва сулҳу суботи кишварамон аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Аз тарафи дигар, дар шароити имрӯза технологияҳои иттилоотӣ ва Интернет дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти одамон ба тарзи васеъ истифода бурда мешавад. Технологияи муосир ва Интернет на танҳо бо мақсади пешбурди кор, инчунин бо мақсади ҷинояткорӣ ё киберҷиноят низ истифода мешавад, ки хатарҳои зиёдеро ба пеш меорад. Яке аз ин хатарҳо гумроҳ намудани ҷавонон ва ҷалби онҳо ба созмону ҳаракатҳои тундрав, экстремистию террористии манъшуда, аз Ҷумла ТТЭ ҲНи ва ТЭ Гуруҳи 24, бо истифода аз шабакаҳои Интернетӣ мебошад, ки ин гурӯҳҳо онро ба тарзи васеъ истифода менамоянд.Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Хоинони миллат – наҳзатиҳои террорист то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.
К. Субҳонзода,пажуҳишгар