Ҳамасола, рӯзи якуми сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз Пешвои маҳбуби миллат суханронӣ намуда, аҳли омӯзгорону толибилмон ва донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави таҳсил табрику шодбош гуфта, ҳамзамон, дар назди омӯзгорону масъулини соҳаи маориф ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия вазифаҳои нав мегузоранд.
Имрӯз 31 августи соли 2026 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 - ро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар расми кушодашавии МТМУ №105 Раиси Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ ҳузур доштанд. Сарвари давлат суханронии пурмуҳтаво намуда, таъкид намуданд: “Аҳли маориф дар давраи бағоят печидаву пурифтихори таърихи давлати тоҷикон бори дигар собит карданд, ки ақлу хирад, илму дониш, сабру таҳаммул ва кӯшиш барои сулҳу субот ҷиҳати раҳоӣ аз ҳама гуна буҳрон нақши асосӣ мебозад ва роҳро барои ояндаи босаодат равшану ҳамвор месозад”. Дар идома Пешвои миллат иброз доштанд, ки ҳар як падару модар, устодону омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас бояд масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.
Баромади Пешвои маҳбуби миллатро тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионию радиоии кишвар миллионҳо нафар бо шавқи зиёд тамошою шунида, ба он изҳори умеду боварӣ намуданд, ки Пешвои маорифпарвари мо соҳаи маорифро ҳамвора дастгирӣ намуда, барои таълиму тарбияи насли наврас ва кору фаъолияти устодону омӯзгорон беҳтарин шароитҳоро муҳайё намудаанд.
Дар ҳамаи муассисаҳои томактабӣ ва таълимии ноҳия, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, идораву корхонаҳо ҳама, дастаҷамъона суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шавқи тамошо намуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин ҳамроҳи устодону хонандагони муассисаи таълимии №1 баромади Роҳбари маҳбуби миллатро тамошо карда, баъди анҷоми намоиш ҳамаи омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии мавриди назарро бо фарорасии соли нави хониш, Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш муборакбод гуфта, иброз доштанд: “Илму дониш ягона роҳест, ки тавассути он инсон олами ҳастӣ ва воқеияти зиндагиро дарк мекунад. Дониш маърифати инсонро баланд бардошта, ӯро ба қуллаҳои баланди зиндагонӣ мерасонад. Маҳз тавассути дониш инсон рушду инкишоф меёбад, мушкилотҳои мавҷударо ҳаллу фасл карда, фарҳангу тамаддун месозад”.
Дар фарҷоми суханронӣ ӯ ба ҳамагон рӯзгори нек, тани сиҳат, саодатмандӣ, дар таҳсилу корашон комёбиҳои нав таманно намуданд ва ба якчанд хонандагон аз оилаҳои ниёзманд сару либоси мактабӣ ҳадя намуданд.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия баромади Президенти мамлакатро дастаҷамъона тамошо карданд.