Сухани табрикотии раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амурдин бахшида ба “Рўзи Дониш”
Муҳтарам устодон!
Волидайни азиз ва хонандагони дӯстрӯяк!
Илму дониш ягона роҳест, ки тавассути он инсон олами ҳастӣ ва воқеияти зиндагиро дарк мекунад. Дониш маърифти инсонро баланд бардошта, ӯро ба қуллаҳои баланди зиндагонӣ мерасонад. Маҳз тавассути дониш инсон рушду инкишоф меёбад, мушкилотҳои мавҷударо ҳаллу фасл карда, фарҳангу тамаддун месозад.
Бинобар ин, Рўзи Дониш ва оғози соли нави таҳсили 2026-2027 –ро ба ҳамаи Шумо хонандагону омӯзгорони меҳрубон табрику таҳният гуфта, хоҳони онро дорам, ки соли хониши нав соли хотирмону пурбаракат дар хотираатон боқӣ бимонад. Имрӯз барои ҳамаи мо рӯзи хотирмону фаромӯшнашавандааст, зеро илму калом калиди тамоми муваффақиятҳои инсоният дар ҳаёт ба шумор меравад. Дар ёд доштабошем, ки мактаб танҳо макони дарсхонӣ нест, балки боргоҳи тарбия, дӯстиву рафоқат ва ташаккули шахсият низ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ин рўзро дар ноҳия зиёда аз 3500 нафар хурдтараконе, ки бори аввал ба синфи якум қабул шудаанд, бесаброна мунтазир буданд.
Давлату Ҳукумат бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун санаи бузургдошти илму маърифат ҳамасола истиқбол гирифта мешавад. Қобили зикр аст, ки дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои пешрафти ҷомеа аҳамияти торафт афзоянда пайдо карда истодааст. Аз ин нуқтаи назар, ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як инсон бояд соҳиби маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар бошад.
Баргузории дарси сулҳ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонони мо таъсири мусбӣ расонида, дар рӯҳияи эҳтироми сулҳу оромии мамлакат, илму маърифат ва Ватани аҷдодӣ тарбия ёфтани онҳо мусоидат менамояд. Зеро бидуни ташаккули зеҳнияти хонандагон ва бе омӯзонидани донишҳои муосир, таълими электронӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва ворид намудани технологияҳои нав мо наметавонем ба ҳадафҳои неку созандаи худ ноил шуда, рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар мамлакат таъмин намоем. Фаромӯш набояд сохт, ки ояндаи ободи Ватани аҷдодиамон ба донишандӯзии имрӯзаи наврасону ҷавонон вобастагии хеле калон дорад.
Илму дониш дар миёни мардуми мо аз қадимулайём мақоми хос дошта, мардуми соҳибмаърифату ҳунарманди тоҷик ба ин манбаи маърифат ҳамеша арзи эҳтиром мегузоштанду мегузоранд. Ҳар яки мо низ бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода карда, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли навраси кишварамонро васеъ намоем. Дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро ҷой диҳем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонем.
Дар ҳамин замина Асосгузори сулњу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки :“Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот , ватандӯсту ватанпарвар ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Асри 21-асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад.”
Ҳозирини гиромӣ !
Маврид ба зикр аст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ махсусан соҳаи маориф дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хоса дошта, барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии омӯзгорон шурӯъ аз 1-сентябр маоши вазифавии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25% зиёд гашта, таъсири мусбии худро ба баланд гардидани шароити иҷтимоии кормандони ин соҳа бараъло мерасонад.
Ҳамзамон, ногуфта намонад, ки фарогирии хонандагон, махсусан духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, дохилшавии хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумї ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ва хориҷ аз он, ба таълиму тарбияи махсус фаро гирифтани хонандагони болаёқат, рушди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои намуди нав, аз ҷумла муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, татбиқи Барномаҳои давлатии соҳа, таъмини таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, мутахассисони баландихтисос, китобҳои дарсӣ, иштирок ва ғолибияти омӯзгорону мураббиён ва толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар озмунҳои илмию маърифатии ҷумҳуриявӣ, касбию фаннӣ бевосита натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат нисбати мактабу маориф шуморида мешавад.
Бо итминони комил гуфта метавонам, ки маорифчиёни ноҳия бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар радифи дигар маорифчиёни мамлакат Соли нави хонишро бо омодагии ҳаматарафа, рӯҳияи баланди корӣ ва қувваю ғайрати нав ба таълиму тарбияи насли наврас оғоз мекунанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар иртибот бо ин ҳама тадбирҳо умед дорем, ки маорифчиёни ноҳия дар соли нави таҳсил бо меҳнати фидокоронаву содиқона дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил мегарданд. Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо муваффақият ва барору комёбиҳо таманно дорам.
Бори дигар Рўзи Дониш, оғози соли нави таҳсил ва ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад омўзгорону хонандагони азиз!