Имрӯз дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ва ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Хоҷамуъмини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маркази нави хизматрасонӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Фирдавс Ҳамро иштирок намуданд.
Маркази мазкур бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Каримов Аркониддин бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ ба аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Дар он сартарошхона, дорухона ва мағозаи хӯрокворӣ фаъолият хоҳанд кард.
Зимни ифтитоҳ таъкид гардид, ки бунёду ба истифода додани чунин иншооти хизматрасонӣ дар маҳалҳо ба рушди соҳибкории хурду миёна, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Раиси ноҳия ба соҳибкори маҳаллӣ барои саҳм гузоштан дар ободии маҳал ва рушди инфрасохтори хизматрасонӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамомада ва хизматрасонии босифат ба аҳолӣ тавсияҳои зарурӣ дод.
Ифтитоҳи чунин иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ дар маҳалҳо гувоҳи он аст, ки бо фароҳам омадани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи шаҳрвандон корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рӯз то рӯз вусъат меёбанд.
Ҷовид Қувватзода