Варзишгари ҷавон Раҷабов Муҳаммадисо, сокини деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигуло ва хатмкардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳия, дар мусобиқаҳои байналмилалии дзюдо бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ парчами Тоҷикистонро баланд бардошт.
Муҳаммадисо таҳти роҳбарии устоди худ Раҷабов Бегазанд ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ӯ дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар вазни 71 кг сазовори ҷойи аввал гардида, унвони қаҳрамони Осиёро ба даст овард.
Идомаи муваффақиятҳои варзишӣ ба ӯ дар Чемпионати ҷаҳон низ насиб гардид. Раҷабов Муҳаммадисо дар ҳамин вазн миёни беҳтарин варзишгарони ҷаҳон мубориза бурда, ҷойи сеюм ва медали биринҷиро соҳиб шуд.
Ба муносибати ин дастоварди арзанда раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин варзишгари ҷавонро самимона пешвоз гирифта, ӯро барои ин муваффақияти муҳим табрик намуданд.
Ин дастоварди Муҳаммадисо боиси ифтихори аҳли ноҳия буда, далели он аст, ки бо дастгирии соҳаи варзиш ва заҳмати устодону шогирдон ҷавонони ноҳия метавонанд дар арсаи байналмилалӣ низ парчамбардори миллат бошанд.
Ҷовид Қувватзода