Имрӯз, дар толори Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия Набизода Фаррухиддин ва бо ҳузури вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Фирдавс Ҳамро ва Ҳусния Исҳоқӣ Давлаталӣ бо фаъолон ва интихобкунандагони хеш суҳбуту мулоқоти рӯ ба рӯ сурат гирифт:
Ҷаласаро Раиси ноҳия Набизода Фаррухиддин ифтитоҳ намуда, меҳмонро ба ноҳия ва фаъолону интихобкунандагонро ба толор шодбош гуфт. Дар толор дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд. Вакилон ба навбат суханронӣ намуда, зимни ироаи маърӯзаҳои хеш ҷиҳати нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ироа гардида буд, ибрози андеша намуда, вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохил ва хориҷи кишвар, ҳадафҳои стратегии мамлакат, зери таваҷҷуҳи Президенти кишвар қарор доштани соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ инчунин оид ба баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар ёдовар шуданд.Дар фарҷом саволу дархост ва пешниҳодҳои ҳозирин шунида шуда аз ҷониби Вакилон ва Раиси ноҳия, ҷиҳати иҷрояшон қайд гардиданд. Ёдовар мешавем, ки суҳбату мулоқоту вохӯрии Вакилон бо аҳолӣ идома дорад. Дар идомаи суҳбат вакилон бо интихобкунандагони худ зимни маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш атрофи дастовардҳои бемислу бесобиқаи 35 соли замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз ёдовар шуданд. Дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Зимни суҳбат вакилон доир ба дастовардҳои назарраси кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ободониву созандагӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон марҳилаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, дар ин давра барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои устувори пешрафти кишвар корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмони иншооти муҳим, рушди роҳу нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вакилон ҳамчунин таъкид карданд, ки пешрафту ободии кишвар аз ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва саҳми ҳар як шаҳрванди кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумат вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ интихобкунандагон низ ба вакилон саволу пешниҳодҳои худро ироа намуда, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда андешаҳои худро баён карданд. Вакилон ба масъалаҳои матраҳшуда посух дода, барои баррасии пешниҳодҳои шаҳрвандон дар доираи салоҳияти қонунӣ изҳори омодагӣ намуданд.Дар фарҷоми мулоқот таъкид шуд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон танҳо як санаи таърихӣ набуда, балки рамзи соҳибдавлатӣ, ваҳдат, худшиносии миллӣ ва дастовардҳои созандаи кишвар мебошад. Ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд бо меҳнати содиқона ва фаъолияти созандаи худ дар таҳкими истиқлолият ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорад.
Бознашр аз саҳифаи КИ ҲХДТ-и ноҳия