Имрӯз раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин дар Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳия бо соҳибкорону сокинони он мулоқоти судманд анҷом доданд.
Меҳвари асосии мулоқотро дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди корҳои созандагиву ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Панҷоб ташкил дод.
Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Ф.А., нахуст аз дастгирии пайвастаи соҳибкорони маҳаллӣ дар гушаву канори ноҳия, бахусус Ҷамоати деҳоти Панҷоб изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки Роҳбарияти олии мамлакат дар ҳар як баромаду мулоқотҳои худ мунтазам иброз медоранд, ки рушду пешрафти Ватани азизамон пеш аз ҳама аз дастгириву корҳои ободонии соҳибкорони бо нангу номуси он вобаста мебошад.
Бо ҳамин мақсад раиси ноҳия қайд намуданд, ки минбаъд ҳам вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ бо ҷалби соҳибкорони ватандӯсту масъулиятшинос идома дошта, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ватанамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.
Ҷовид Қувватзода