Имрӯз Сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" муҳтарам Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ва раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амруддин дар деҳаи Оқмазори Ҷамоати деҳоти Чубек таҳияи лоиҳаи хати оби нӯшокиро барои сокинони деҳаи мазкур тарҳрезӣ намуданд.
Қайд гардид, ки дар деҳаи мазкур то ҳол камбудии оби нӯшокӣ ба назар расида, баъди боздид ва таҳияи нақшаи хати оби нӯшокӣ аз тарафи меҳмонон он ҳалли худро меёбад.
Сокинон аз ин иқдоми инсондӯстонаи Роҳбарият изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории хешро барои дастгирии пайваста ва тадбирҳои судманд дар ин самт баён доштанд.
Ҷовид Қувватзода