САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Нуҳуми сентиябр бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ватани мо Тоҷикистони соҳибистиқлол давлатӣ комилҳуқуқ,соҳибихтиёр,ва ягона гардид.Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди баруманду фарзонаи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми қавиродаи сулҳхоҳ 27.06.1997 дар шаҳри Маскав созишномаи сулҳ ба имзо расид. Аз оғози бастани сулҳ дар Маскав то инҷониб дар Ватани тозаистиқлоли мо озодӣ,соҳибихтиёрӣ,оромӣ,сулҳу ваҳдат барқарор гардид. Мардуми сарбаланди кишвар шукронаи Истиқлолияти давлатӣ,шукронаи сулҳу ваҳдати миллӣ менамоянд.Агар дар васфи ваҳдати миллӣ чи қадар сухан гӯем ҳам, кам ҳаст.
Барои сарҷамъии миллати тоҷик, барои муттаҳидии миллати тоҷик фарзанди баруманду фарзонаи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдон бо ҷомаи сулҳ омаду мардуми парокандаро сарҷамъ намуд ва барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонии худро, ҳастии худро фидо кард ва дар дилу дидаи халқи азиз ҷой гирифт.Аз давраи ба имзо расидани созишнома истиқрори сулҳ то имрӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани мо сулҳу ваҳдат побарҷост.Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги таърихӣ 35 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои сулҳхоҳу ваҳдатовар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи азизамон барои боз ҳам зебову назаррабо гаштани диёри хеш камари ҳиммат баста,зери шиори «Бо Пешвои созанда Ватанро обод менамоем» азму талош менамоянд.Ватани мо рӯз то рӯз рушд намуда, шукуфон гардида истодааст.Агар дар бораи тинҷию оромӣ сухан гӯем,тинҷию оромӣ дар Ватани мо ҳукмфармост. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои хизмати сарбозон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беҳтарин шароитҳои заруриро муҳайё намудааст.Агар дар бораи пайвандгари қалбҳо - роҳҳои ҷумҳурӣ сухан гӯем, роҳҳо бо сифати баланд мумфарш гардида истодааст.Агар дар бораи маориф ва илм сухан гӯем, хонандагони мо бо омӯзгорони асилу босавод, сухандон, шеърдону, ихтироъкор гардида, дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида истодаанд.Ин ҳама муваффақиятҳо аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар сарчашма мегирад.
Воҳидов Давлаталӣ,
Сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия