Дастгирии ятимону нимятимон — ғамхории пайвастаи ҷомеа
Имрӯз бо ташаббуси раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин ва бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ба 20 нафар ятиму нимятим туҳфаҳои мактабӣ ва кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Дар доираи ин иқдоми хайрхоҳона ба кӯдакон сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш, кӯмакҳои хӯрокворӣ ва хӯроки нисфирӯзӣ тақдим гардид.
Ин ташаббус дар арафаи оғози соли нави таҳсил сурат гирифта, ҳадафи он дастгирии кӯдакони ниёзманд ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсили онҳо мебошад.
Раиси ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ таъкид намуданд, ки ғамхорӣ ба ятимону нимятимон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ буда, дастгирии онҳо бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дошта бошад.
Чунин иқдомҳои хайрхоҳона, ки бо эҳсоси баланди масъулияти иҷтимоӣ амалӣ мегарданд, барои кӯдакон рӯҳбаландкунанда буда, онҳоро ба таҳсили хуб, донишомӯзӣ ва расидан ба ҳадафҳои созанда ҳидоят менамоянд.
Ҳамзамон, саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар ин иқдоми нек намунаи равшани ҳамбастагӣ ва дастгирии иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷовид Қувватзода