Масъулони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи усули «Деҳа ба деҳа» бо сокинони деҳаҳои Ғозиён ва Чорсуи деҳоти Ғозиён мулоқоту корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои…
Масъулони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи усули «Деҳа ба деҳа» бо сокинони деҳаҳои Ғозиён ва Чорсуи деҳоти Ғозиён мулоқоту корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳимми рӯз, аз ҷумла ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта бо истифода аз рӯзҳои мусоиди обу ҳаво ва иштироки фаъолонаи сокинон дар маъракаи пахтачинӣ, вобаста ба омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, захираи маводи зарурӣ ва маҳсулоти ғизоӣ, вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, пешгирии бекорӣ ва оқибатҳои ҷалби ҷавонону наврасон ба равияҳои тундрави экстремистию террористӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуданд.
Дар идомаи вохӯрӣ ба масъалаҳои пешгирии падидаҳои бегонапарастӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар мавриди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагии маҳал таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Масъулон таъкид намуданд, ки иштироки фаъоли ҳар як сокин дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва корҳои ободонӣ барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва рушди маҳал аҳамияти муҳим дорад.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров