21-уми марти соли 2026, Душанбе. — Ба ифтихори фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона бо иштироки доираи васеи меҳмонон ва кормандон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши идона роҳбарияти Агентӣ, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода, инчунин роҳбарони ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» иштирок намуданд.
Нахуст, меҳмонон аз намоишгоҳи наврӯзӣ, ки таҷассумгари анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, боздид ба амал оварданд. Дар он таомҳои миллӣ бо рангу бӯи хоса, маҳсули дастони ҳунармандон, инчунин дастархонҳои зебои ҳафтсину ҳафтшин ба маъраз гузошта шуда, ҳар як гӯша аз фарҳанги ғанӣ ва завқи баланд шаҳодат медод.
Намоишгоҳ баёнгари пайванди наслҳо ва эҳтироми амиқ ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ гардид.
Пас аз боздид, дар базмгоҳи наврӯзӣ директори Агентӣ Сорбон Холмуҳамадзода ва муовини якуми раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ин иди аҷдодӣ шодбош гуфтанд.
Сорбон Холмуҳамадзода аҳамияти бузурги Наврӯзро ҳамчун ҷашни ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳёи табиат таъкид намуда, илова кард, ки маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ Ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва оини муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза касб карда, бо ташаббус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт.
Дар идома, маросими ҷамъбасти беҳтарин намоишгоҳи наврӯзӣ баргузор гардид. Мақоми сеюмро дастгоҳи марказии Агентӣ ва Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ишғол намуда, зинаи дуюмро Раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ касб кард. Сазовори ҷойи аввал раёсатҳои Агентӣ дар вилояти Хатлон дониста шуд.