22 марти соли 2025 ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ёвон чорабиниҳои бошукӯҳи идона доир гардид.
Дар ин рӯз дар майдони саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чорабинии фарҳангию фароғатии Корвони наврӯзи таҳти унвони “Пайки Наврӯз” бо инобати русуми мардумӣ бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ директори Агентии содирот ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иди байналмилалии Наврӯзи аҷам табрику муборакбод намуда, таъкид кард, ки Наврӯз бо омадани худ ба табиати Ватани биҳиштосо таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили мардум шодию сурур ва ба хонадони ҳар яки мо хушҳолию саодати рӯзгорро ҳадя менамояд.
Ҳамзамон, дар баромади худ иброз намуданд, ки ноҳияи Ёвон бо назардошти хусусиятҳои табиию ҷуғрофӣ, заминҳои ҳосилхез ва мардуми заҳматқаринаш, ҳамчунин, бо деҳқонони асили худ дар кишвар шуҳрати зиёд дошта, дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии Тоҷикистон, бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ саҳми арзишманд дорад.
Дар робита ба ин, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста дар мулоқоту баромадҳояшон сокинони мамлакатро огоҳ месозанд, даъват ба амал оварда шуд, ки барои донистани қадру қиммати замин тавассути сари вақт анҷом додани киштукори баҳорӣ, васеъ намудани майдони кишти такрорӣ, истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин, бахусус заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ ва аз заминҳои обӣ гирифтани 3-4 ҳосил, сафарбар созем.
Инчунин, дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ду иншоот - Маркази савдою хизматрасонӣ ва майдончаи наву замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Наврӯзи байналмилалӣ бо чорабинии фарҳангии омоданамудаи ҳунармандон дар сатҳи баланди идона ҷашн гирифта шуд.