Дар доираи Ҳамоиши байналмилалии тиҷорати электронӣ “WORLDDEF-Dubai 2024”, ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб доир шуд, намояндагон ва доираи васеи сармоягузорону ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон зиёда аз 80 давлати дунё иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар Намоишгоҳи он Павилиони миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд зарфияту иқтидорҳои мавҷудаи соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва самти содироту сайёҳӣ ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.
Ҳамчунин, дар ҳошияи ҳамоиши мазкур вохӯрии Сироҷиддинзода Баҳриддин - директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари минтақаи озоди иқтисодию саноатӣ ва содиротии шаҳри Дубайи Амороти Мутаҳидаи Араб доир шуда, дар он масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти ташкили Хонаи савдои Тоҷикистон, банду баст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои сатҳи баланд ва дигар паҳлуҳои самти содирот мавриди таҳлил қарор гирифт.
Инчунин, қайд намуданд, ки имкониятҳои содиротии молу маҳсулоти Тоҷикистон зиёд буда, имкон дорад, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати Шумо барои содироти маҳсулоти ватанӣ ба дигар кишварҳои хориҷ ба роҳ монад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ширкати Дубай Силисол Оазис калотарин ширкат дар шаҳри Дубай ба ҳисоб рафта, дар самти воридот ва содироти маҳсулот, инчунин рушди самоягузорӣ фаъолияти назаррас дорад. Дар натиҷаи вохурӣ роҳбари минтақаи озоди иқтисодию саноатӣ ва содиротии шаҳри Дубайи Амороти Мутаҳидаи Араб барои ҳамкорӣ аз ҷумла, банду басти маҳсулот ва содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои шаҳри Дубай изҳори ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.