19 декабри соли 2024 дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон, дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар муассисаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия барои нимсолаи дуюми соли 2024 мизи мудаввар баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин баррасии масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, ташаккул ва рушди маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ, муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия, инчунин таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ мебошад.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Агентии содирот доир ба муҳтавои сиёсати давлату Ҳукумати кишвар дар самти муқовимат ба коррупсия, чораҳои амалинамудаи Агентии содирот дар ин самт ва нақшаҳои минбаъда андешаронӣ намуда, қайд гардид, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо қабулу тасдиқи қонуну стратегия ва барномаву нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ барои муқовимат намудан бо ин падидаи номатлуб дар ҳама зинаҳо, фароҳам оварда шудааст.
Дар робита ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда бо фармоишҳои дахлдори Агентии содирот Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва тасдиқ карда шудаанд.
Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба самъи иштирокчиён мазмун ва муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ба таври васеъ тавзеҳ дода шуда, таъкид гардид, ки моро зарур аст дар ҳамбастагӣ ҷиҳати амалисозии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати мамлакат, тавассути қабул ва таҳкими чораҳое, ки ба пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он нигаронида шудаанд, тадбирҳои заруриву иловагиро роҳандозӣ намоем.
Дар чорабинӣ Розиқзода Алихон Абдулҳаким – сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза баромад намуда, оид ба қабул ва рафти амалишавии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттахид бар зидди коррупсия, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин доир ба муҳиммияти муқовимати дастаҷамъона бо ин падидаи номатлуб, амалисозии чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии коррупсия ибрози андеша намуд.
Дар маҷмуъ чорабинии доиргардида дар фазои муколама ва табодули афкор сурат гирифта, изҳори боварӣ карда шуд, ки он ҷиҳати равнақи мафкураи зиддикоррупсионии иштирокчиён шароити мусоид фароҳам меорад.