28 декабри соли 2024 аз ҷониби кормандони Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мустақиман тариқи шабакаи телевизионӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ ташкил гардид.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ дар мамлакат замина фароҳам меоварад. Ҳамзамон, Паём тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаро дар бар гирифта, вазифагузориҳо ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди давлатдорӣ, ободию пешрафти мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум равона шудааст.
Ҳамчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат дастуру супоришҳо дода шуданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари ҳуҷҷати муҳиму барномаи мукаммали сиёсати давлатӣ будан рамзи соҳибихтиёрию соҳибдавлатии тоҷикон ба ҳисоб рафта, вазифаҳо ва ҳадафҳои дар он пешбинигардида ба ояндаи дурахшони мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум равона шудаанд.