Бо мақсади омӯзиши паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 31 январи соли 2025 дар Агентии содирот ҷамъомад доир гардид.
Дар ҷамъомад роҳбарияти Агентии содирот, коршиносон аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи кормандон иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ, роҳбарияти Агентии содирот паҳлуҳои муҳими паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, самтҳои фаъолиятро вобаста ба иҷрои супоришҳои Пешвои миллат дар соҳаи содирот муайян намуданд.
Қайд гардид, ки дар робита ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2025, №АП-722 бо фармоиши директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2025, №4 нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Агентии содирот тасдиқ карда шудааст ва ба мо масъулин ҷиҳати идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат дастуру супоришҳои мушаххаси Роҳбари давлат ироа гардидааст.
Бинобар ин, таъкид карда шуд, ки минбаъд содироти молу маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда зиёд, коркард намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина рушди саноати сабук, хӯрокворӣ ва афзоиш додани содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар таъмин карда шавад.
Ҳамзамон, зимни баромадҳои худ коршиносон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба вазъи нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва дигар омилҳои берунӣ ҷалб намуда, ба зарурияти роҳандозии тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ кардани таъсири манфии чунин омилҳо ба иқтисодиёти кишвар, даъват ба амал оварданд.