16 декабри соли 2025 аз ҷониби кормандони Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мустақиман тариқи шабакаи телевизионӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ ташкил гардид.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ дар мамлакат замина фароҳам меоварад. Ҳамзамон, Паём тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаро дар бар гирифта, вазифагузориҳо ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди давлатдорӣ, ободию пешрафти мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум равона шудааст.