7 сентябри соли 2025 бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон директори Агентии содирот Сироҷиддинзода Баҳриддин чорабинии бошукӯҳи идона таҳти унвони “Шукӯҳи Истиқлол” баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ директори Агентии содирот Сироҷиддинзода Баҳриддин суханронӣ намуда, сокинони шарафманди ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Ҳамчунин, ба шахсони эҳсонкоре, ки саҳми худро дар сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ гузоштаанд, миннатдории самимӣ баён намуданд.
Инчунин, дар чорабинӣ, барои фаъолияти меҳнатӣ ва саҳми назаррас гузоштан дар рушду пешрафти ноҳия, як қатор фаъолон бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла "Медали хизмати шоиста" ва дигар мукофотҳои соҳавию мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҳошияи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншооти ҷашнӣ аз ҷумла, маркази савдо бо дорои 12 адад нуқтаҳои хизматрасонӣ, бинои истиқоматии ҳафтошёна бо пенхаус, бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54, мағоза ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар фарҷом, ҳунармандон ва мутрибони шинохтаи ҷумҳурӣ, бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, ки аз Истиқлолу сулҳи деринтизор ва зебоиҳои диёри нозанинамонро васф менамуданд, ба чорабинии мазкур ҳусни анҷом бахшиданд.