29 июли соли равон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ аъзои кумита, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия доир гардид.
Намояндагони Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушди содироти Тоҷикистон” низ дар ҷаласаи мазкур фаъолона иштирок намуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд ҳам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.