24 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе, дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид.
Дар кори Форум, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва муовини Сарвазири Муғулистон Сайнбуян Амарсайхан, инчунин роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ, сохторҳои иқтисодӣ ва бахшҳои хусусии ҳар ду кишвар иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои оянда мебошад.
Дар Форум Зуҳурзода Хуршед - муовини якуми директори Агентии содирот иштирок ва вобаста ба тақвияти гардиши савдо байни давлатњо, афзун намудани содироти маҳсулоти ватанӣ, ҷалби сармоягузорӣ дар самти бунёди инфрасохтори нигоҳдории маҳсулот ва басту банди он барои содироти минбаъда ба Ҷумҳурии Муғулистон суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи Форум, мулоқотҳои дуҷонибаи (B2B) миёни соҳибкорони ду кишвар ва вохӯриҳои (B2G) соҳибкорон бо намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ баргузор гардида, ҷонибҳо роҳҳои амалии татбиқи ташаббусҳои иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои мутақобилан судмандро баррасӣ ва мувофиқа карданд.