Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳо ва пешбурди сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳавасмандгардонии содирот, диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ ва содагардонии расмиёти савдо, бо мақсади амалишавии нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 санаи 22 апрели соли 2025 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” Мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди содирот: дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот, бартараф намудани монеаҳои маъмуриву техникӣ ва содагардонии расмиёти савдо” баргузор гардид.
Дар кори Мизи мудаввар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти давлатии соҳавӣ, роҳбарону намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ ва роҳбарони корхонаҳои саноатию кишоварзии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами раванди содагардонии расмиёти содирот, мушкилоти корхонаҳои истеҳсолӣ ва содироткунанда, бахусус соҳаи пахтапарварӣ, дарёфти роҳи ҳалли монеаҳои ҷойдошта, рушди содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи мамлакат, баланд бардоштани нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти ба содирот нигаронида ва дастгирии давлатии содирот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни ҷаласа директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки унсури муҳимми пешбурди истеҳсолот - ин содагардонии расмиёти савдо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои фаъолияти иштирокчиёни савдои хориҷӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» – масъалаи сода намудани расмиёт ва маъмурикунонии савдо мебошад. Дар ин росто ҳамаи вазорату идораҳои марбута бо мақсади иҷрои ҳадафҳои ин барнома мунтазам кор мебаранд.
Иброз гардид, ки дар доираи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо ва дастгирии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ, пешбурди содирот, ташаккули низоми содаи расмиёти савдо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои фаъолияти иштирокчиёни савдои хориҷӣ ва содагардонии маъмурикунонии амалиётҳои содиротӣ як қатор тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардиданд.
Аз ҷумла, айни замон "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ" фаъолият дорад, ки аз ҷониби 11 мақомоти давлатӣ, дархостҳои субъектҳои хоҷагидор баррасӣ гардида, ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба расмиёти гумрукӣ, сертификатҳои пайдоиши мол, мутобиқати сифати маҳсулот, фаъолияти иҷозатномавӣ, пардохтҳои боҷу хироҷи гумрукӣ дар шакли электронӣ ва ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад, ки ин омил ба сода, шаффоф, каммасраф ва тезонидани расмиёти гумрукӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки дар самти ҷудо намудани маблағгузории имтиёзнок барои ҳавасмандгардонии соҳаи пахтакорӣ ва коркарди саноатии пахта, ки рушди устувори соҳаҳои мазкур зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Дар ин замина, ҷиҳати амалигардонии ташаббуси мазкур аз ҷониби Агентии содирот гуфтушунидҳои мустақим бо Корпоратсияи байналмилии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷоратии Бонки Исломии Рушд (ITFC) ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт Лоиҳаи "Шабакаи ташкилотҳои пешбурди тиҷорати кишварҳои Осиёи Марказӣ" таҳия шуда, айни ҳол масъала дар мувофиқаи мақомоти дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад.
Дар натиҷаи музокирот якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла дар назди намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, таъсис додани Марказҳои ҳимояи манфиатҳои субъектҳои хоҷагидори ватанӣ (Маркази Тамос), зери назорат қарор додани содагардонии расмиёти андозбандии фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи банақшагирии кишти зироатҳо, пешгирии таъхирҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба нақлиётҳои боркашонии пурбор ҳангоми интиқоли молу маҳсулот ва беҳтар намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта пешниҳод гардид.