Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 21.07.2026 https://president.tj/event/news/56331 21 июл баррасии масоили ҳамкорӣ дар суҳбати хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн…
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
21.07.2026
21 июл баррасии масоили ҳамкорӣ дар суҳбати хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди пазироӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон доштанд, ки “натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманди дуҷонибаи мо такони тоза хоҳанд бахшид”.
Ҷонибҳо аз рушди бемайлони робитаҳои сиёсии ду кишвар ёдовар шуда, ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ҳамчун воситаи муассири таҳкими эътимоди сиёсӣ аҳаммияти махсус доданд.
Дар рафти музокирот ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сохтмон ва рушди зерсохтор, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, содироти меваю сабзавоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Муғулистон, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Пешниҳод шуд, ки барои мусоидат ба рушди ҳамкории судманди дуҷониба Гурӯҳҳои муштараки корӣ дар соҳаҳои энергетика ва сохтмон ва рушди инфрасохтор таъсис дода шавад.
Саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ гашт.