ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ - ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР” ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
Рӯзи 6 марти соли 2026 дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба “Рӯзи Модар” ҷамъомади тантанавӣ - фарҳангӣ бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон, роҳбарони ташкилоту идораҳо, собиқадорон ва занону духтарони фаъоли ноҳия баргузор гардид.
Муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷадолхон дар баромади худ кулли занону бонувони ноҳияро бахшида ба “Рӯзи модар” табрик намуда, аз дастовард ва корнамоиҳои онҳо дар замони истиқлол ёдовар шуданд.
Воқеан зан -Модар азизтарин мавҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан –Модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва тарбиятгари насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист.
Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ бадеиро пешкаши ҳаводорон намуда, табъи иштирокчиёнро болида гардонданд