Санаи 24 феврали соли 2026, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии судманд бо фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Чорабинӣ дар доираи иҷрои нақшаи тасдиқгардида барои нимсолаи якуми соли 2026 оид ба баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин, сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб майори адлия Олимзода Мансур Абдухолиқ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни чорабинӣ масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорон таъкид карданд, ки худшиносии миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба шумор меравад.
Олимзода Мансур Абдухолиқ зимни баромади худ оид ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, тадбирҳои амалишаванда ҷиҳати пешгирӣ ва ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, инчунин масъулияти ҳар як шаҳрванд дар таъмини шаффофият ва қонуният ибрози назар намуд.
Қайд гардид, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти марбута набуда, балки масъулияти дастаҷамъонаи тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баргузории чунин вохӯриҳо метавонад дар ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ва боло бурдани сатҳи масъулиятшиносии шаҳрвандон нақши муассир гузорад