Имрӯз 9-феврали соли 2026 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии муовини раиси ноҳия Ғоибзода Насимҷон бо гирандагони стипендияи президентии ноҳия ва кормандони соҳаи ҷавонон ва варзиши ноҳия дар мавзӯи “Муқовимат бо экстремизм ва терроризм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ - террористӣ” баргузор гардид.
Мавсуф қайд карданд, ки “Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Дар раванди бадалшавии идеологияҳо таҳдидҳои муосире пешорӯи инсоният қарор гирифтааст, ки мубориза бо он аз ҷомеа дастҷамъӣ, мутаҳиддӣ ва иттиҳодро тақозо мекунад. Терроризм ва экстремизм бошад, ҳамчун зуҳуроти номатлуб ба амнияти сокинони ҷомеаи ҷаҳон хатари ҷиддӣ оварда, ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо зиракии баланди сиёсӣ зарур аст”.
Таъкид карда шуд, ки бо вуҷуди андешидани чораҳои зарурӣ ҳанузам ҳолатҳои гаравидани ҷавонон ба гуруҳои террористӣ ба мушоҳида расида, баҳри решакан намудани ин амалҳои номатлуб аз ҳар як фаъоли ноҳия масъулияти дучандро талаб менамояд.
Ҳамзамон аз таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар баён гардиданд, ёдовар гардида, қайд намуданд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо бо иштироки васеи ҷомеаи маданӣ дар самти пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб, даст назадани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ намудан аз истифода бурдани шабакаҳои иртиҷоии хусусияти ифротӣ ва терористию экстремистидошта, ҳифз кардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагӣ саҳми калон хоҳад гузошт