НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО БАРОИ ДАВРАИ МИНБАЪДА
Имрӯз 28 январи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти соҳаи тандурустии ноҳия дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои идеологӣ Ғоибзода Насимҷон, сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Алихонзода Ҳукмуддин, роҳбари шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Дӯстов Аҳмадхон, инчунин мудирони шуъбаҳо, сардухтурони беморхонаҳои деҳотӣ, роҳбарони марказҳои саломатии деҳот директорони бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар марказҳои соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.
Ҷаласа бо пешниҳоди ҳисоботи муфассал оид ба вазъи умумии соҳаи тандурустӣ дар соли 2025 ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оғоз ёфта, сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Алихонзода Ҳукмуддин ва роҳбари шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Дӯстов Аҳмадхон доир ба фаъолияти яксолаи соҳа ҳисобот доданд.
Баъди ҳисоботи масъулин ва пурсиши шахсони масъул муовини раиси ноҳия Ғоибзода Насимҷон аз натиҷаҳои фаъолияти яксолаи ҳар як зерсохтори соҳаи тандурустӣ натиҷагирӣ намуда, барои беҳтар намудани интизоми меҳнат, риояи ҳатмии либоси махсуси тиббӣ ва татбиқи пурраи барномаҳои давлатӣ дар ин самт дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Ӯ ҳамзамон масъулинро барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва назорати иҷрои нақшаҳои марбут ба солимии аҳолӣ ба масъулиятшиносӣ даъват намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар давраи минбаъда ҳамкории зичи ҳамаи сохторҳо, боло бурдани масъулияти касбӣ ва риояи меъёрҳои хизматрасонии тиббӣ зарур мебошанд