27 январи соли 2026 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии кормандони мақомот зери роҳбарии сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким бо сокинони ноҳия баргузор гардид, ки дар рафти чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин, роҳбарият ва кормандони мақомот, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сокинону фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия гузаронида шуда, дар рафти он аз тарафи масъулини Агентӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», инчунин моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фаҳмонида дода шуд.
Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад